734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш.Душанбе, х.Рудакӣ, 139

Почтаи электронӣ: lib@tajmedun.tj
info@sinolib.tj

Яндекс.Метрика TJ TJ

Таърихи ганҷинаи пурасрор

Китобхонаи илмии Донишгохи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Соли 1939 бо қарори Шӯрои комиссиариати халқии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода шуд, ки донишкадаи чорум ба ҳисоб мерафт. Ҳамон сол донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд.Директори якуми ДДТТ Краус Адолф Андреевич таъйин карда шуд. Маҳз маҳорати баланди ташкилотчиги ӯ буд, ки дар донишкадаи навтаъсисшуда ҷараёни хониш дар муҳлати кӯтоҳ ба роҳ монда шуд. Донишкадаҳои Москва ва Ленинград ба донишкадаро бо таҷҳизот ва фонди китобӣ таъмин намуданд. Аз 1 –уми сентябри соли 1939 Китобхонаи донишкада ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1941 фонди китобхона ба 6 ҳазор нусха расид. 25 окт. 1941 китобхона бо киторбхонаи марказии тиббии Комиссариати халқии тандурустии Тоҷикистон (КХТТ) муттаҳид карда шуд ва Қитобхонаи марказии тиббии ДДТТ ном гирифт. Фонди китобхона афзуд, ба донишҷӯёндар асоси «дафтарчаи хонандагӣ» китоб дода мешуд.

Соли 1951 китобхонаи илмӣ- тиббиро ҷудо карда, ба бинои дигар кӯчонданд. Дар натиҷа китобҳо низ тақсим шуда, дар китобхонаи донишгоҳ фақат китобҳои дарсӣ боқӣ монданд. Соли 1951 мудири китобхона Бондаренко Нина Алексеевна таъйин карда мешавад,ки то январи соли 1962 дар вазифаи мудири китобхона фаъолият намудааст. Китобхона дорои 2 шуъба : шуъбаи пуррагардонӣ ва коркарди адабиёт ва шуъбаи хизматрасонӣ бо толори хониш ва абонемент мебошад. Ҳайати кормандони китобхонаро 12 нафар ташкил медод. Бо зиёд шудани шумораи донишҷӯён фонди китобхона, шумораи хонандагон ва доду гирифти китоб низ зиёд мешавад.

Аз с.1962 то 1967 роҳбарии китобхона ба зиммаи Субботина Полина Яковлевна буд.

Соли 1967 роҳбарии китобхона ба Колоскова Фаина Георгиевна вогузошта мешавад.Аз ҳамон сол сар карда, таҳти роҳбарии Фаина Георгиевна фаъолияти китобхона вусъат ёфт. Ҳамаи нақшаю ҳисоботҳои китобхона муқовабандӣ карда шуда, нигоҳ дошта шудаанд. Китоби суммарии баҳисобгирии фонди китобхона ҷорӣ шуд.

Соли 1970 шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ кушода шуд. Ҳамон сол кормандони китобхона дар озмун бахшида ба 100- солагии В.И.Ленин иштирок кара, ҷои аввалро ишғол намуданд ва сазовори Грамотаи фахрии Вазорати маданияти СССР шуданд. Кормандони зиёди китобхона бо Грамотаҳои Фахрии Вазорати маориф ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Фонди китобхона ба 166 ҳаз. нусха расид, феҳрист (алифбоӣ, мураттабӣ, предметӣ) ва картотекаи маводи маҷаллаҳои тиббӣ тартиб дода шуд. Ҳайати кормандони китобхонаро 22 нафар, хонандагон 5737 нафарро ташкил карданд

Солҳои 80-ум фаъолияти китобхона хеле боло рафт, фонди он 455 ҳазор нусха китобро ташкил медод. Ҳайати кормандон афзуда (31 нафар), картотекаи таъмини раванди таълим бо адабиёти зарурӣ тартиб дода шуд. Ба китобхона давоми сол то 30 ҳазор нусха китоби нав ворид мегардид.

Соли 1990 дар китобхона 39 нафар китобдорон кор мекард. Фонди китобхона дорои 525 ҳазор нусха адабиёт буд. Дар хобгоҳҳои № 7 ва № 9 толорҳои хониши нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Солҳои 90-ум бо сабаби аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисон ва ворид нашудани адабиёти нав, фаъолияти бардавому муташак-килонаи китобхонаи донишгоҳ ба роҳ монда шуда, бозгашти саривактии адабиёти таълимӣ ва ба ин восита ҳифзи фондҳои китобхона аз парешонӣ таъмин карда шуд.

Аз с. 1998 то 2005 воридоти адабиёт ба китобхона ҳар сол аз ҳисоби маблағ-ҳои хусусии донишгоҳ то 500 нусха ташкил медод.

Соли 2008 ташрифи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва китобхона. Ифтитоҳи донишгоҳ баъди сӯхтор ва расман кушодашавии китобхонаи электронӣ бо 70 компютер таҷҳизонида шуда, бо фонди 7000 нусха китобҳои электронӣ ва лексияҳои электронӣ ба фаъолият сар кард. Худи ҳамон сол дар асоси гранти Дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейтсария 6595 нусха адабиёт ба малағи 194076 доллари амрикоӣ ва рафҳои китобӣ ба маблағи 17391 доллари амрикоӣ ва гранти Бонки рушди Осиё дар асоси Лоиҳаи системаи тандурустии Тоҷикистон-2253 нусха адабиёт ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ ворид мегардад.

Соли 2009 фонди китобхона аз 465436 нусха адабиётро ташкил карда, ҳар сол то 70 номгӯй маҷаллаю рӯзномаҳои Федератсияи Россияро дастрас мекунад. Бахшида ба 70 солагии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино нашри китоби «Нишондиҳандаи библи